Июн 23, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Чаро номи китоби Болтон ин қадар баҳснок аст?

Пас аз нашри китоби нав аз ҷониби Мушовири собиқи Амнияти Миллӣ, номи ин китоб низ баҳс ба бор овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, номи китоби ҷадиди Ҷон Болтон Мушовири Амнияти Миллии барканоршудаи Доналд Трамп "Хонае, ки онҷо иттифоқ афтод" аст, ки аз бахше аз намоишномаи музикол ба номи Ҳамелтон вом гирифта шудааст.

Намоишномаи мусиқии Ҳэмилтон ба ҳаёти Александр Ҳамилтон, яке аз асосгузорони Иёлоти Муттаҳида мепардозад, ки дар давоми камтар аз 50 соли зиндагиаш ӯ асосгузори системаи молиявӣ, Ҳизби федералист, Гвардияи соҳилӣ ва New York Post буд.

Дар пайи боло гирифтани ихтилофҳои Аарон Барр муовини Ҷорҷ Вашингтон ва Ҳэмилтон, вазири молияи онвақт, ин тасмим ба дуэл гирифтанд, ки дар ниҳоят Ҳамелтон оқибат кушта шуд.

Намоиши мусиқии Ҳамелтонро Лин Мануэл Миранда бо илҳом аз зиндагии ин давлатманд навишт ва нахустин бор дар 20 январи соли 2015 мелоди руи саҳна бурд.

Дар як қисми ин асари ҳунарӣ, ки Болтон номи китобашро аз он бардошта, Ҳамелтон аз заду бандҳои сиёсии ҳокимияти Амрико дар дар утоқҳои пӯшида сухан мегӯяд ва мехоҳад, ки ӯ низ дар ин утоқҳо ҳузур дошта, дар тасмимҳои сиёсӣ нақш бозад.

Мунаққидони китоби Болтон мегӯянд, ки ӯ бештар шабеҳи Аарон Барр аст то  Ҳэмилтон ва Болтон ҳвдвфи ин интиқод аст, ки агар иттиҳомҳояш ба Трамп ҳақиқат дорад чаро ҳангоми истизоҳи Раиси Ҷумҳури Амрико алайҳи у шаҳодат надод.