Вокуниши Мадуро ба тамоюли Трамп барои гуфтушунид
Раиси Ҷумҳурии Венесуэла барои музокира бо ҳамтоии Амрикоии худ ба манзури ҳаллу фасли танишҳои миёни ду кишвари эъломи омодагӣ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна ,Николас Мадуро рӯзи сешанбе ба хабаргузории давлатии AVN Венесуэла гуфт : "Ман омодаам то бо эҳтиром бо Раиси Ҷумҳурӣ Доналд Трамп сӯҳбат кунам .
Мадуро гуфт ба ҳамон равише, ки соли 2015 бо Ҷо Бойден муовини Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико сӯҳбат кардааст, метавонад бо Трамп ҳам сӯҳбат кунад .
Трамп рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии Axis гуфта буд, ки ҳозир аст бо Николас Мадуро дидору ройзанӣ кунад .
Бо ин ҳол вай таъкид кард, ки ҳаргиз бо раисҷумҳури Венесуэла дидор нахоҳад кард магари он, ки фақат дар мавриди канорагирии мусолиматомези Мадуро аз қудрат бо вай сӯҳбат кунад .
Пойгоҳи Axis ҳамчунин аз дилсард шудани Трамп аз Хуан Гуидо раҳбари мухолифони Венесуэлаии мавриди ҳимояти Кохи сафед хабар дода ва навишта буд, ки Трамп Хон Гуидоро фарди заъифӣ медонад ки бо вуҷуди ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи ғарб натавониста Мадуроро аз қудрат барканор кунад .
Президенти Америка бо ташдиди таҳримҳо зиди Каракас , иқтисоди Венесуэларо бо мушкилоти зиёдӣ мувоҷеҳ карда аст .