Норизоятии амрикоиҳо аз мудирияти Трамп дар бӯҳрони коронавирус рекорд зад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54854-Норизоятии_амрикоиҳо_аз_мудирияти_Трамп_дар_бӯҳрони_коронавирус_рекорд_зад
Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, мизони ризояти амрикоиҳо аз мудирияти Трамп, дар бӯҳрони коронавирус ба поёнтарин ҳад аз замони хурӯҷи ин вирус дар ин кишвар расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 25, 2020 15:33 Asia/Dushanbe
  • Норизоятии амрикоиҳо аз мудирияти Трамп дар бӯҳрони коронавирус рекорд зад

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, мизони ризояти амрикоиҳо аз мудирияти Трамп, дар бӯҳрони коронавирус ба поёнтарин ҳад аз замони хурӯҷи ин вирус дар ин кишвар расидааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии "Ҳейл", натоиҷи назарсанҷии муштараки хабаргузории Рейтерз ва муассисаи назарсанҷии Эпсус, ки рӯзи чоршанбе мунташир шуд, ҳокӣ аз он аст, ки танҳо 37 дарсад аз мардуми Амрико аз амалкарди Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, дар заминаи посухгӯии бамавқеъ ва муносиб ба бӯҳрони коронавирус розӣ ҳастанд.

Ин омор поёнтарин рақам аз моҳи март то кунун аст.

Дар рӯзҳои ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шоҳиди афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус будааст. Омори рӯзонаи мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар дар рӯзҳои ахир ба беш аз 30 000 будааст.

Амрико ҳамакнун дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба коронавирус ва ҳам аз назари мизони маргу мири ношӣ аз ин вирус қарор дорад.