150 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54927-150_куштаву_захмӣ_дар_тирандозиҳои_Амрико
Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико, 150 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 28, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • 150 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико, 150 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, рӯзи якшанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар 126 мавриди тиртандозӣ рӯй дода, ки бар асари он, 32 нафар кушта ва 118 нафар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, бештари ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Ню-Йорк, Миссури, Джорджиа ва Кентуккии Амрико рӯй додааст.

Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯбарӯ аст.

Бо вуҷуди дархости гурӯҳҳои ҳомӣ ва мудофеи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Амрико, ба иллати қудрати лобии аслаҳа, то кунун ҳеҷ як аз давлатҳои Амрико муваффақ ба вазъи қавонине дар хусуси маҳдудияти фурӯши силоҳ дар ин кишвар нашудаанд.