Июн 30, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Лавров:ҳанӯз замони боз шудани марзҳои Россия маълум нест

Вазири умури хориҷаи Россия гуфт ҳанӯз замони боз шудани марзҳои Россия рӯи дигар кишварҳо маълум нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Роша Тудей  зимни изҳори беиттилоотӣ аз таърихи бозгушоии марзҳои Россия афзуд: ҳудуди 40 нафар аз коркунони вазорати хориҷаи Россия ва шӯъбаҳои он дар манотиқи ин кишвар ба Ковид-19 мубтало шудаанд.

Вазири умури хориҷаи Россия гуфт ҳудуди ниме аз коркунони ин вазоратхона дуркорӣ мекунанд.

Лавров ҳамчунин гуфт ба Ковид-19 мубтало нашудааст. 

Бар асоси охирин гузоришҳо то кунун 641 ҳазору 156 нафар дар Россия ба Ковид-19 мубтало шуда, 403 ҳазору 430 нафар беҳбуд ёфта ва 9 ҳазору 166 тан ҳам ҷони худро бохтаанд.

Барчасп