Фош шудани тавҳини Трамп ба Меркел дар тамоси телефонӣ
Рӯзноманигори америкоӣ фош кард раиси Ҷумҳурии Америка дар гуфтугӯи телефонӣ ба садри аъзами Германия тавҳин кардааст.
Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, Карл Берштейн рӯзноманигори америкоӣ, ки барои гузориши расвоии Вотергит ба шӯҳрат расид фош кард Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Америка дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел садри аъзами Германия ба ҳадде бо ӯ бад сӯҳбат кардааст, ки мақомоти Берлин сайъ дар пинҳон кардани муҳтавои ин гуфтугӯ доштанд.
Бернштейн ҳамчунин фош кард Трамп садри аъзами Германияро аҳмақ хонда ва ӯро ба қарор гирифтани таҳти нуфузи русҳо муттаҳам кардааст, аммо Меркел беэътино ба лаҳни қулдурмонаи Трамп ба ӯ посух додааст.
Бернштейн дар гузориши худ менависад раиси Ҷумҳурии Америка дар мовоҷеҳа бо занон ба шакли аҷибе рафторҳои садистӣ аз худ буруз медиҳад.
Дар гузориши СНН омадааст мавзӯи Трамп дар муқобили Тереза Мэй нахуст вазири собиқи Британия низ таҳоҷумӣ ва таҳқиромез будааст.