Июл 02, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷии ҷадид; амрикоиҳо Трампро раисҷумҳури заиф медонанд

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, беш аз 3/4 ҳиссаи мардуми ин кишвар аз амалкарди Доналд Трамп норозӣ ҳастанд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Форс, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди муассисаи таҳқиқотии "Пио" ҳокӣ аст, ки 87 % мардуми Амрико Трампро раисҷумҳури заиф медонанд ва аз амалкарди вай норозӣ ҳастанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, агар ҳамин имрӯз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико баргузор шавад, Джо Байден бо ҳимояти 54 дарсадӣ Трампро бо ҳимояти 44 дарсадӣ шикаст хоҳад дод.

Сиёсатҳои мутаноқиз, фасоди ахлоқӣ, рафторҳои пешбининашуда ва сӯимудирияти Дорналд Трамп, раисҷумҳури Амрико коҳиши маҳбубияти вайро ба дунбол доштааст.

 

Барчасп