Июл 05, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар зарурати ҷазби коргарони муҳоҷир

Раиси ҷумҳури Русия бар зарурати ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва беҳбуди сифати омӯзиши забони русӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии ТАСС, Владимир Путин гуфтааст, ки бо пушти сар гузоштани таъсири ногувори густариши вируси корона дар иқтисоди Русия акнун ин кишвар ба садҳо ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ ниёз дорад то тавони тавлидоти саноатии хешро ба мизони қабл аз шуйюи ин беморӣ бирасонад.

Путин гуфтааст, ки бидуни ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ имкони ҳали мушкили коҳиши ҷамъият дар Русия вуҷуд надорад, аммо авлавият бо донандагони забони русӣ хоҳад буд, ки бо фарҳанг ва одобу русуми ин кишвар ошноӣ доранд.

Раиси ҷумҳури Русия афзудааст, ки барои ҷазби коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати беҳбуди сифати омӯзиши забони русӣ эҳсос мешавад.

Аз дидгоҳи Путин яке аз роҳҳои омӯзиши забони русӣ ба ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳи шуъбаҳои донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои техникӣ ва ҳирфаии Русия дар ин ҷумҳуриҳо мебошад.

 

Барчасп