Июл 05, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Байден: Нажодпарастии низомманд дар Амрико собиқаи 200-сола дорад

Номзади демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амркио ёдовар шуд, нажодпарастии низомманд дар ин кишвар собиқаи 200-сола дорад.

Ба гузориши Форс, Джо Байден дар Твиттер бо баёни ин, ки нажодпарастии низомманд беш аз 200 сол дар Амрико вуҷуд дорад, афзуд, ки табъизи нажодӣ ва нажодпарастӣ ҳамчунон таъсири мухаррибе бар ҷомеаи Иёлоти Муттаҳида дорад.

Ин изҳороти Байден дар ҳоле аст, ки шаҳрҳои мухталифи Амрико дар чанд ҳафтаи гузашта саҳнаи тазоҳуроти мардуми мӯътариз ба рафтори нажодпарастонаи пулиси ин кишвар будааст.

Дар эътирозоти ҳафтаи ахир дар Амрико ҳазорон нафар маҷрӯҳ ё боздошт шуданд.