Июл 06, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо узви Толибон дар ҷануби Афғонистон

Ҳамлаи нерӯҳои амниятии Афғонистон алайҳи мавозеи Толибон дар вилояти Зобул 19 кушта аз ин гурӯҳ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ворати кишвари Афғонистон рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки ин ҳамла ба даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шаҳристони "шаҳри Сафо" дар вилояти Зобул мунҷар шуд, ки бар асари он 12 узви дигари ин гурӯҳ захмӣ шуданд.

Дар баёнияи Вазорати кишвари Афғонистон омадааст: Дар ин даргириҳо ҳамчунин миқдоре силоҳ ва муҳиммот аз Толибон ғанимат гирифта шуд.

Ин вазоратхона эълом кард Толибон дар 48 соати гузашта ба посгоҳҳои амниятӣ дар атрофи шаҳри Фалот маркази вилояти Зобул ва шаҳристони "шаҳри Сафо" ҳамалоти таҳоҷумии созмондиҳӣ карда буданд, ки бо вокуниши шадиди неруҳои амниятӣ мувоҷеҳ шуданд.

Зобул аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон аст, ки Толибон дар бештари нуқоти он ҳузур ва фаъолияти густарда доранд.