Июл 07, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон

Як мақоми баландпояи Русия эълом кард: Эҳтимоли ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Замир Каблов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" гуфт: Мумкин аст Толибон ба унвони бахше аз давлати эътилоф дар Афғонистон ба қудрат бозгардад.

Ин мақоми русӣ афзуд: Ҳамаи Толибон тафаккури яксон надоранд, аъзои тундрави ин гурӯҳ ба афроди худ мегӯянд, чаро мо бояд бо мақомоти дастнишонда дар Кобул тавофуқ кунем ба ҳар ҳол амрикоиҳо маҷбур ҳастанд Афғонистонро тарк кунанд ва дар он мавқеъ бояд ҳамаи қудратро ба даст оварем.

Замир Каблов хотирнишон кард: Раҳбарони Толибон низ медонанд агар онҳо саъй кунанд он чиро, ки тундравҳо пешниҳод мекунанд иҷро кунанд, Русия мухолифи онҳо хоҳад буд.