Июл 11, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Болтон: Трамп ба Путин ва Си ҳасодат мекунад

Мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед аз ҳасодат кардани раиси ҷумҳури Амрико ба сарони барҷастаи ҷаҳон парда бардошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷон Болтон дар мусоҳиба бо Дойча Вела, ки ҷумъашаб мунташир шуд ба заъфҳои шахсияти Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико ишора кард ва гуфт: Ӯ ба сарони пураҳамияте монанди Си Ҷинпин ва Владимир Путин, раисони ҷумҳури Чин ва Русия ба шиддат ҳасодат меварзад.

Болтон дар ин мусоҳиба таъкид кард, ки Трамп бар хилофи он чи худ ва наздиконаш иддао мекунанд, аз умури амниятии Амрико ноогоҳ аст ва ҳозир нест бо мутолиаи санадҳо ва гузоришҳо иттилооти беҳтару бештаре касб кунад.

Мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед гуфт: Трамп ҳамвора ба ҳамкорони худ ба шиддат бадгумон ва аз халқи фазои ҳамкорӣ дар Кохи Сафед нотавон аст.

Тибқи гуфтаи Болтон, Трамп ҳануз ба дурустӣ дарк накарда, ки раиси ҷумҳури Амрико будан чи вазну аҳамияте дорад.

Дар шароите, ки фақат чаҳор моҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико боқӣ монда, Трамп дар муҳосираи мушкилоти фаровон қарор гирифтааст. Нохурсандӣ аз зимомдории ӯ ҳатто ҳомиёни пешини ӯ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳро низ фаро гирифтааст.

 

Барчасп