Июл 11, 2020 19:05 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳои Билл Гейтс дар бораи ваксина ва доруҳои зидди корона

Муассиси ширкати Майкрософт хостори тавзеи одилонаи ваксина ва доруҳои КОВИД-19 дар миёни кишварҳо ва афроде шуд, ки бештарин ниёзро ба он доранд.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, Билл Гейтс дар конфронси маҷозии КОВИД-19, ки ҷомеаи байналмиллалии мубориза бо СПИД онро баргузор кард гуфт: Агар иҷоза диҳем дору ва ваксинаи КОВИД-19 ба ҷойи мардум ва кишварҳое, ки бисёр ниёз ба он доранд ба дасти пешниҳоддиҳандагони нархҳои болотар бирасад, он вақт як бемории ҳамагири тулонитар, ноодилонатар ва маргбортар хоҳем дошт.

Вай афзуд: Ба раҳбароне ниёз дорем, ки тасмимҳои сахт дар мавриди тавзеъро бар асоси адолат ва на бар асоси омилҳои бозор бигиранд.

Гейтс гуфт: Талошҳое, ки ду даҳаи пеш барои муқобила бо буҳрони СПИД оғоз шуд ва дар он кишварҳое аз саросари  ҷаҳон барои тавлиди  доруе, ки дар бештари дунё аз ҷумла Африқо дар дастрас бошад  ҳамкорӣ карданд, метавонад  ҳамчун  намунае барои дастрасии густурда ба доруи КОВИД-19 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Дар  ҳоле, ки садҳо пружаи тавлиди ваксина дар дасти баррасӣ аст ва давлатҳои аврупоӣ ва Амрико миллиардҳо доллар дар заминаи амалисозӣ ва тавлиди дору ва ваксина сармоягузорӣ мекунанд, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки кишварҳои сарватмандтар аз доруи корона баҳраи бештаре бубранд ва дасти кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар ин замина холӣ бимонад.