Чин тавлиди анбуҳи ҷангандаи радаргурезро оғоз кард
(last modified Mon, 13 Jul 2020 05:02:51 GMT )
Июл 13, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  • Чин тавлиди анбуҳи ҷангандаи радаргурезро оғоз кард

Чин тавлиди ҷангандаи радаргурези J-20B-ро, ки аз навъи насли панҷуми ҷангандаҳо ба ҳисоб меояд, оғоз кард

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Совс-Чайна-Морнинг-Пости Гонконг рӯзи душанбе ба нақл аз манобеи огоҳ аз Комиссияи марказии низомӣ (фармондеҳии кулли неруҳои Чин) гузориш кард, агар чи ин ҷанганда ҳануз дорои маторҳои сохти Русия аст, аммо навъи комилан чинии он то як ё ду соли дигар сохта хоҳад шуд.

Ин ҷангандаи радаргурез дорои таҷҳизоти контролии бисёр пешрафтааст ва яке аз муҳимтарин дастовардҳои низомии солҳои ахири Чин ба ҳисоб меояд.

Пеш аз ин ҳадафи Чин ин буд, ки то поёни соли 2019 битавонад 50  ҷангандаи радаргурези J-20B-ро тавлид кунад, аммо чун муҳандисон дар заминаи сохти матор бо мушкилоте рӯбарӯ шуданд ин барнома ба замоне дертар афтод.

Амрико соли 2017 тасмим гирифт беш аз 100 ҷангандаи радаргурези F-35 дар ихтиёри Жопон ва Кореяи Ҷанубӣ қарор диҳад ва ҳамон сол буд, ки Чин аз ба коргирии аввалин ҷангандаи J-20 хабар дод.