Афзоиши теъдоди захмиҳои таркиши нови ҳавопаймобари Амрико
(last modified Mon, 13 Jul 2020 07:11:32 GMT )
Июл 13, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди захмиҳои таркиши нови ҳавопаймобари Амрико

Манобеи хабарӣ аз афзоиши теъдоди захмиҳои ҳодисаи таркиш ва сӯхтор дар нови ҳавопаймобари Амрико хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, теъдоди коркунони новарбари амрикоие, ки дар ҳодисаи таркиш ва сӯхтор дар нови ҳавопаймобари "Ю.С.С Бонҳам Ричард"-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико захмӣ шудаанд ба 21 нафар афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар манобеи хабарии Амрико теъдоди захмиҳои ин ҳодисаро 18 нафар эълом карда буданд.

Манобеи хабарии Амрико шомгоҳи якшанбе аз сӯхтор дар болои як киштии ҷангии амрикоӣ дар бандари Сан Диего дар ҷануби ғарбии Иёлоти Муттаҳида хабар дода буданд.

Ҳанӯз иллати сӯхтор мушаххас нашудааст ва таҳқиқот дар ин замина ҳамзамон бо талош барои хомӯш кардани сӯхтор идома дорад.