Июл 13, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъули ҳамлаи террористӣ дар Самангони Афғонистон

Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамла ба сохтмони идораи амнияти миллӣ дар вилояти Самангони Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи душанбе  эълом кард, дар ҳамлаи афроди Толибон ба сохтмони идораи амнияти милиии вилояти Самангон дар шимоли Афғонистон 70 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Раиси идораи беҳдошт ва дармони вилояти Самангон гуфт: пас аз инфиҷори мошини бомба гузошташуда 43 захмӣ, аз ҷумла низомиён ва ғайринизомиён ба бемористон мунтақил шуданд, ки вазъияти ҷисмии 8 нафар вазнин аст.