Ҳимояти Туркия аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар муқобили Арманистон
Вазири дифои Туркия аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар муқобили Арманистон ҳимоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолии Туркия, Ҳлоси Акар рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба даргирии низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон гуфт: Анқара ба истодан канори неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳимоят аз бародарони озарӣ барои муқобила бо Арманистон идома хоҳад дод.
Ҷадидтарин гузоришҳо аз идомаи даргириҳо байни низомиёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи марзии Товузи Қарабоғ ҳикоят дорад.
Муноқишаи миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, ки дар натиҷаи он, минтақаи Қарабоғ ва ҳафт шаҳри ҳамҷавораш ба контроли неруҳои Арманистон даромад.
Аз моҳи майи 1994 байни тарафайни муноқишаи Қарабоғ, оташбас барқарор шуда, аммо то кунун борҳо ин оташбас поймол шудааст.