Июл 15, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи муваффақиятомези озмоиши аввалияи ваксинаи корона бар рӯйи инсон

Натоиҷи озмоиши ваксинаи ширкати амрикоии “Модерно” нишон дод, ки ин воксина дар бадани ҳамаи 45 довталаби солими ин озмоиш дар мароҳили аввалияи таҳқиқот эминӣ эҷод кардааст ва бехатар будааст.

Тими таҳқиқоти мазкур дар гузориши худ дар маҷаллаи пизишкии “НюУнгланд” овардаанд: Довталабон ду дозае аз ин ваксинаро бо сутӯҳи болои подтанҳои кушандаи вирус дарёфт карданд. Сатҳи ин подтанҳо бисёр болотар аз сутӯҳи мутавассите аст, ки дар бадани афроди беҳбудёфта аз ибтило ба “Крвид -19” мушоҳида шудааст.

Ин ваксина дар бадани ҳеҷ як аз довталабони ин таҳқиқ аворизи ҷонибии ҷиддӣ эҷод накардааст, аммо беш аз ниме аз онҳо вокунишҳои хафиферо монанди хастагӣ, сардард, эҳсоси сармохӯрдагӣ, дарди мафосил дар маҳалли тазриқ гузориш додаанд. Ин алоим баъд аз дарёфт дуз дувум ва дар афроде, ки дуз болоиро дарёфт карданд, мушоҳида шудааст.

Коршиносон мегӯянд, барои таваққуфи ҳамагирии корона, ки миллионҳо нафарро дар ҷаҳон бемор ва боиси ҷон бохтани ҳудуд 575 ҳазор нафар шуда, ба ваксина ниёз ҳаст.

Аввалин марҳалаи озмоиши инсонии ваксинаи ширкати “Модерно” 16 март (26 исфанд), 66 рӯз баъд аз интишори генетикии вирус оғоз шуд.

Доктор Антони Фоучи, мудири муассисаи миллии олержӣ ва бемориҳои уфунии Амрико, ки тими таҳқиқоти ӯ номзадҳои озмоиши ин ваксинаро интихоб карданд, натоиҷро “хабари хубе” эълом ва ишора карда, ки ин таҳқиқот иттифоқоти мухарриби ҷиддӣ надошта ва ваксинаи сутӯҳи болое аз подтанҳои хунсокунанда ё кушандаи вирусро тавлид кардааст ва тими мазкур аз натоиҷаш розӣ аст.  

Давлати Амрико бо ихтисоси ҳудуди ним миллиард доллар, аз ваксинаи ширкати “Модерно” ҳимоят мекунад ва онро ба унвони аввалин воксина барои озмоишоти густурдаи инсонӣ интихоб кардааст.