Оғози раванди раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико
Панҷ ҳафта монда ба рӯзи баргузории интихоботи умумӣ дар Амрико, ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар оғоз шуд.
Бар асоси қавонини интихоботӣ дар Амрико, шаҳрвандони амрикоӣ иҷоза доранд ҳудуди як моҳи пеш аз рӯзи баргузории интихобот ба ҳавзаҳои раъйгирӣ муроҷиа ва раъйи худро ба сандуқҳо биандозанд. Ҳамчунин гурӯҳе аз раъйдиҳандагони амрикоӣ тарҷеҳ медиҳанд, ба ҷойи ҳузур дар ҳавзаҳои раъгирӣ, раъйи худро аз тариқи почтаи электронӣ ирсол кунанд. Ин раъй то рӯзи баргузории интихобот дар ҳаштуми ноябри соли ҷорӣ хонда нахоҳад шуд. Ҳадаф аз баргузории интихоботи зудҳангом дар Амрико, коҳиши таҷаммуъ ва трафик дар рӯзи раъйгирӣ аст. Бо ин ҳол, ин системаи раъйгирӣ имкон медиҳад то бароварди тақрибӣ аз тамоюли раъйдиҳандагони амрикоӣ ба номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даст ояд.
Дар ҳоли ҳозир, рақобат миёни Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо ва Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ба қадре наздик аст, ки чанд ҳазор раъй метавонад сарнавишти интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурии Амрикоро иваз кунад. Аз байни 50 иёлат ва бахши Колумбия - пойтахти Амрико - дар 13 иёлат таклифи фарди баранда мушаххас нест. Ба иборати дигар, ҷанги аслӣ миёни ҷумҳурихоҳону демократҳо барои касби курсии раёсати ҷумҳурии Амрико дар ин иёлатҳо сурат мегирад.
Ҳар фарде, ки битавонад ҳадди ақал 270 раъй аз 538 раъйи ҳайатҳои интихобкунандаро ба даст оварад, раиси ҷумҳурии Амрико хоҳад шуд. Бархе баровардҳо ҳикоят аз он дорад, ки Ҳиллари Клинтон ҳадди ақал 205 раъй ва Доналд Трамп 165 раъйи ҳайатҳои интихобкунандаро дар ихтиёр доранд. Бартарии 40 раъйи интихобкунандгони Клинтон дар баробари Трамп дар ҳоле аст, ки ба лиҳози раъйи мардумӣ бар мабнои миёнгини назарсанҷии муассисоти муътабари афкорсанҷӣ дар Амрико, номзади демократҳо фақат 3,7 дарсад дар рақиби ҷумҳурихоҳи худ пештар аст.
Бо тавваҷуҳ ба нишондоди седарсадӣ дар назарсанҷиҳо, метавон гуфт ин ду номзад ба як андоза дар касби орои мардумӣ дар Амрико шанс доранд. Бо ин ҳол, дар Амрико бар хилофи аксари кишварҳои ҷаҳон, фарде метавонад бо раъйи ақаллият ва сирфан бо иттико ба касби аксарияти орои ҳайатҳои интихобкунанда, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шавад. Иттифоқе ки охирин бор дар соли 2000-ум рух доду ба пирӯзии Ҷорҷ Уокер Буш дар баробари Оли Гур анҷомид.
Ба ҳамин далел, низ барои номзадҳо ва ду ҳизби аслии Амрико муваффақият дар иёлатҳое бо раъйи ҳайатҳои интихобӣ, бештар аз аҳамияти ҳаётӣ бархурдор аст.