Июл 17, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи парлумони Малайзия барои ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милал

Намояндагони парлумони Малайзия хостори ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Сайид Иброҳим Сайид Нӯҳ, аз намояндагони пешрави парлумони Малайзия тарҳе барои мубориза дар роҳи ормони Фаластин ва маҳкумияти шадиди иқдомоти Исроил ироа кард, ки бо тасвиби намояндагон ва вокуниши мусбати давлати Малайзия ва дигар кишварҳое монанди Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо низ мувоҷеҳ шудааст.

Дар ин тарҳ омадааст, ки режими саҳюнистӣ ба далели ин ки дар анҷоми вазоифи худ бар асоси эъломияи СММ ва қавонини он амал накардааст, бояд аз Созмони Милал ва тамоми ниҳодҳои зермаҷмӯаи он ихроҷ шавад.

Пеш аз ин Азҳар Ҳорун, раиси Маҷлиси Малайзия тарҳи вижаи опозитсионро, ки хостори ба баҳс гузошта шудани тарҳи “Муомилаи қарн” дар мавриди сулҳи Фаластин ва режими саҳюнистӣ аст, таъйид карда буд.

Пештар ҳам Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири пешини Малайзия иқдомоти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои фаластиниро таоруз бо қавонини байналмилалӣ донист ва хотирнишон кард, ишғоли заминҳои ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон пазируфтанӣ нест ва Малайзия Исроилро ҳаргиз ба расмият намешиносад.