Июл 19, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Аҷибтарин андоз дар ҷаҳон

Давлати Миср бино дорад бо ислоҳи яке аз қавонини марбут ба боҷ, аҷибтарин навъи андозро аз шаҳрвандони худ дарёфт кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Ал-Мисрӣ-ал-Явм навишт: Ахиран бо тарҳи ислоҳи қонуни мудирияти боҷи радио ва мавҷҳои бесими ин кишвар пешниҳод шудааст то аз ин ба баъд аз ронандагоне, ки дохили автомобили худ радио гӯш медиҳанд 100 фунти Миср боҷи роҳ дарёфт шавад.

Қарор шудааст то баробари 40 дарсад аз ин боҷ, ки ба таври солона аз ронандагон дарёфт мешавад, ба ҳайати миллии иттилоърасонии Миср пардохт шуда ва ҳамчунин 10 дарсад низ ба созмоне, ки қарор аст кори дарёфти ин боҷро пайгирӣ кунад, ихтисос дода шавад.

Боқимондаи маблағи дарёфтӣ низ қарор аст дар хазонаи Миср боқӣ бимонад.

Ин тарҳ дар рӯзҳои ахир ба сюжети бузург дар фазои маҷозии Миср табдил шуда ва бисёре аз корбарон онро зӯргирии нави давлат аз шаҳрвандон тавсиф мекунанд.

 

Барчасп