Июл 20, 2020 10:12 Asia/Dushanbe
  • Бойден: Трамп миллати Амрикоро сарафканда кард

Номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, иқдомоти раиси ҷумҳури ин кишварро муҷиби сарафкандагии амрикоиҳо донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷо Бойден рӯзи якшанбе дар пайёме твиттерӣ навишт: Доналд Трамп тавсияҳои коршиносони беҳдоштиро барои муқобила бо вируси корона нодида гирифт ва аз иқдоми ба мавқеъ худдорӣ кард.

Бойден афзуд: Трамп мардуми Амрикоро сарафканда кард.

Муовини раиси ҷумҳурии пешини Амрико дар идома, намудоре аз омори мубталоён ба вируси корона дар ҷаҳон мунташир кард, ки нишон медиҳад Амрико дар рутбаи аввал қарор дорад.

Бойден қарор гирифтани Амрико дар рутбаи аввали мубталоён ба коронаро натиҷаи сиёсатҳои барқасдонаи  Трамп ва бетаваҷҷуҳии вай ба суханони коршиносони беҳдоштӣ дар бораи густариши корона донистааст.

Коршиносони беҳдоштӣ ва муассисаҳои пизишкӣ дар Амрико низ аз рӯйкарди Трамп барои муқобила бо вируси корона ба шиддат интиқод кардаанд.

Бо идомаи шуйюи вируси корона дар Амрико, шумори кулли мубталоёни гузоришшуда ба беш аз 3 миллиону 900 ҳазор нафар расидааст, ки беш аз 143 ҳазор нафар то кунун фавт кардаанд.

 

Барчасп