Озмоишгоҳҳои биологии Америка; таҳдиди хомуш дар Осиё Марказӣ
Америка давлати Чинро муттаҳам ба густариши коронавирус мекунад дар ҳоле,ки озмоишгоҳҳои биологии Америка дар манотиҷи Осиёи Марказӣ борҳо машғули фаолиятҳои машкук буда ва ҳастанд.
Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросони Разавӣ, мавзӯи сохти озмоишгоҳҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ соли 2017 матраҳ шуд, ки қарор буд дар онон микрооргонизмҳои хатарнок нигаҳдорӣ шавад.
Ин барнома мавриди ҳимояти «Алмазбек Атамбаев » раиси Ҷумҳури собиқи Қирғизистон қарор гирифт, аммо мардуми қирқиз ин пешниҳодро қабул накарданд ва чандин таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд.
Дар натиҷа Атамбаев маҷбур ба лағви ин барнома дар озмоишгоҳи созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, озмоишгоҳи Канада ва озмоишгоҳи қирқизӣ- чинӣ шуд ва дар ҳоли ҳозир Қирғизистон танҳо кишвари минтақа аст, ки дар он озмоишгоҳҳои биологии хориҷӣ надорад.
Проекти мазкури Америка дар 25 кишвари ҷаҳон дар заминаи баррасии эпидемия ва пешгирӣ аз эпидемия фаъол аст ва таи 10 сол ахир теъдоди озмоишгоҳҳо аз 20 ба 400 воҳид расидааст.
Теъдоди зиёди аз онон дар кишварҳои шарики Русия монанди Ќазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Молдова, Гурҷистон, Озарбойҷон ва ғайра қарор доранд.
Ба назари «Москва» ҳузури озмоишгоҳҳои Америка дар минтақа таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти миллӣ аст ва борҳо коршиносони рус аз ин озмоишгоҳҳо боздид ва вазъияту фаъолияти ононро баррасӣ карданд, ки эҳтимоли тавлиди силоҳи биологӣ дар онон вуҷуд дошт.
Дар расонаҳои Қазоқистон иттилооте дарбораи баррасии вируси «корона» дар яке аз озмоишгоҳҳои Америка дар шаҳри «Алмаато» дар соли 2017 мунташир шуда буд, ки 3 сол қабл аз эпедмияи ҷаҳонӣ аст.
Натиҷаи мутолиоти марбут ба шиносоии иштирокоти байни ин вирус ва каронаи феълӣ эълом ва тавассути давлати Қазоқистон тайид нашуд.
«Мария Захарова » сухангӯи вазорати умури хориҷаи Россия дар нишаст хабарӣ изҳор дошт: вуҷуди зер сохтҳои биологии хатарнок дар наздики марзҳои Россия омили мавриди нигаронии Москва аст.
Вай гуфт: давлати Америка барои тақвияти озмоишгоҳҳои биологӣ дар манотиқи мухталиф талош мекунад.Бинобарин ба назари Москва «Вашингтон» масъулияти чунин иқдомотеро бояд бипазирд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия хотир нишон кард: нигаронии бисёре нисбат ба фаъолияти озмоишгоҳи Америка дар Гурҷистон дорем ва чанд бор иттилооте дар бораи он эълом кардем, ки ин озмоишгоҳ, сомонаи ҷаҳонии низомии Америка дар заминаи контроли густариши бемориҳои уфунӣ аст ва чунин марказҳое дар чанд кишвари ҷаҳон низ фаъол ҳастанд.