Такмили ҳисоркашии марзи Эрон ва Покистон
(last modified Tue, 21 Jul 2020 03:41:45 GMT )
Июл 21, 2020 08:41 Asia/Dushanbe
  • Такмили ҳисоркашии марзи Эрон ва Покистон

Мушовири нави нахуствазири Покистон аз такмили ҳисоркашии 100 километр аз марзи муштараки ин кишвар бо Эрон дар рӯзҳои оянда хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Осим Салим Боҷво дар Маҷлиси Сенати Покистон дар бораи тарҳи ҳисоркашии 950 километр марзи муштараки ин кишвар бо Эрон гуфт, ин тарҳ идома дорад.

Мушовири нахуствазири Покистон таъкид кард, ҳадаф аз ин ҳисоркашӣ муроқибат аз марзҳои муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба думболи ҳамлаҳои террористӣ ба марзбонони Эрон дар марзи Покистон, Теҳрон аз Исломобод хоста буд тақвияти амният ва назорати бештар бар марзҳоро афзоиш диҳад.