Июл 22, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли шикояти додгоҳии тоҷикистониҳо аз болои Трамп ва Пампео  

Тоҷикистониҳое, ки соҳиби грин-корти Иёлоти Муттаҳида гаштаанд, аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар ба муддати номуайян маҳрум шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Спутник”, бо ин мушкил на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки русҳо, украиниҳо, аромана, узбакҳо, туркҳо, белорусҳо ва қирғизҳо низ мувоҷеҳанд.

РИА Новости гузориш дод, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва вазири умури хориҷа Майк Пампео ба додгоҳ кашида мешаванд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, сиёсатмадорони баландпояи амрикоиро шаҳрвандони чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Украина, Туркия, Белоруссия, Арманистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба додгоҳ кашиданианд.

Гуфта мешавад, афроде, ки соҳиби шонс барои зиндагӣ дар Амрико шуданд ва грин-корт дарёфт карданд, ба далели ҳамагирии вируси куруно (COVID – 19) аз баргузории мусоҳиба ва сафар ба ин кишвар маҳрум шуданд.

Аксари шаҳрвандони "хушбахт" тарки маҳалли кор карданд ва хонаю манзили худро ба фурӯш гузоштанд, вале дар ниҳоят муҳоҷирати онҳо ба вақти номуайян ба таъхир афтод ва сафари онҳо ба Амрико лағв шуд.

 

Барчасп