Июл 22, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Плосӣ: Трамп шикастро напазирад, Кохи Сафедро

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико бо ишора ба сенарияи эҳтимолии шикасти Трамп дар интихобот ва имтинои ӯ аз тарки қудрат гуфт: Чунончи раиси ҷумҳури кунунӣ, Кохи Сафедро тарк накунад, "поксозиаш" мекунем.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, суханони Нансӣ Плосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар мусоҳиба бо MSNBC, як рӯз баъд аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо барандаи Фокс-Ниюз таъйид накард, ки натиҷаҳои интихоботи ноябрро мепазирад ё не.

Дар ҳоле, ки бархе аз демократҳо нигарони табаоти иқдоми Трамп дар адами пазириши натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳастанд, Плосӣ дар камоли оромиш гуфт: Ҳақиқат ин аст ки чи ӯ токунун фаҳмида бошад ё не, ӯ берун хоҳад рафт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико афзуд: Сирфан инки ӯ мумкин аст нахоҳад Кохи Сафедро тарк кунад, бад-ин маъно нест, ки мо маросими таҳлиф баргузор намекунем то як раиси ҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида рӯи кор биёяд.

Плосӣ ба ин нукта ишора кард, ки ӯ баъд аз Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико дувумин шахс дар сафи расидан ба қудрат аст. Ў гуфт: Ба тозагӣ ҷаласаҳои оддиро шуруъ кардаем. Шояд барои шумо ҷолиб бошад чун ман ба онҳо гуфтам чунин чизе ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод. Ба умеди Худо ҳаргиз иттифоқ намеафтад.

Плосӣ дар мусоҳиба бо Мика Бержинский, духтари Збигно Бержинский, мушовири амнияти миллии Ҷими Картер, гуфт: Аммо фароянде вуҷуд дорад. Ин масъала аслан ба мавзӯъ иртиботе надорад, ки ишғолкунандаи Кохи Сафед ҳисси берун рафтан аз онро надорад онҷо бояд поксозӣ шавад чун раёсатҷумҳурӣ, раёсатҷумҳурӣ аст. Баҳс ҷуғрофиё ё макон нест.