Июл 23, 2020 08:41 Asia/Dushanbe
  • Эъломи асарбахш будани чор ваксинаи коронаи сохти Русия

Нахуст вазири Русия эълом кард , чор ваксинаи коронаи сохти Русия таъсироти масуниятбахшии худро нишон доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Риановостӣ , Михаил Мишустин рӯзи чоршанбе дар думаи Русия гуфт ,ки дар замони ҳозир чандин маркази пажуҳишӣ -илмии Русия ба кори сохти ваксинаи корона мепардозанд.

Нахуствазири Русия гуфт ; дар замони ҳозир сохти ин ваксина дар 17 Созмони илмии Русия ҷараён дорад ва беш аз 23 нави ваксинаи корона дар кишвар сохта мешавад.

Михаил Мурашков гуфт ; сабти сабти нахустин ваксинаи корона тавлид шуда дар Русия қарор аст дар моҳи август анҷом шавад.

Вай хотирнишон кард ; озмоиши ваксинаи сохташуда дар пажуҳишгоҳи эпедимологӣ ва микробиологии Гемелио вобаста ба ВАзорати тандурустии Русия, натиҷаҳои хубе доштааст.

Русия то кунун чандин ваксинаи карона сохта ва озмоиши болинӣ яке аз ваксинаҳо ба поён расида ва нахустин гуруҳ аз довталабон рус шомили 18 нафар нафар ,ки ваксинаи корона ба онҳо тазриқ шуда буд рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта аз бемористони Донишгоҳи Сичинаваи Маскав ҷавоб дода шуданд.

Барчасп