Июл 23, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Такзиби шоеаи муҳосираи пойтахти Афғонистон тавассути

Сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон ҳар гуна иддао дар хусуси муҳосираи шаҳри Кобул тавассути "Толибон"-ро беасос хонд.

Ториқ Орин рӯзи панҷшанбе таъкид кард, ки Кобул, пойтахти Афғонистон дар муҳосираи "Толибон" нест ва таҳти назорати нерӯҳои давлатии ин кишвар қарор дорад.

Вай ҳамчунин гуфт: Нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ дар шаҳристонҳои атрофи Кобул ва дохили шаҳр тасаллути комил доранд ва "Толибон" ин тавонро надоранд, ки пойтахтро таҳдид кунанд.

Ин мақоми афғон афзуд: Давлати Афғонистон хоҳони идомаи ҷанг бо "Толибон" нест ва ҳамалоти таҳоҷумӣ охирин гузина аст, ки агар ин гурӯҳ ҳамчунон бихоҳад идома диҳад, он вақт нерӯҳои амниятӣ аз ҳолати дифоӣ ба таҳоҷумӣ рӯй хоҳанд овард.

 

Барчасп