Баргузории намози ҷумъа дар Айё-София пас аз 86 сол
(last modified Fri, 24 Jul 2020 13:24:57 GMT )
Июл 24, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози ҷумъа дар Айё-София пас аз 86 сол

Маросими аввалин намози ҷумъа дар Айё-София ба дунболи тағйири корбарии он аз музей ба масҷид, бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва ҷамъе аз мақомҳои ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин маросим, ки шумори зиёде аз мардуми Туркия бо риояти фосилаи иҷтимоӣ дар дохили шабистонҳои ин масҷид ва фазои бози атрофи он ҳузур доштанд ва ба сурати мустақим аз бархе шабакаҳои Туркия пахш мешуд, бо тиловати оёте аз каломуллоҳи маҷид аз сӯи шуморе аз қориёни Туркия оғоз шуд.

Раисҷумҳури Туркия ба ҳамин муносибат паёми твиттерӣ бо унвони “Рӯзи ҷумъа ба хайр” мунташир кард.

Пештар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба дунболи судури фармоне эълом кард, Айё-София ба масҷид табдил мешавад ва 24 июл (ҷумъаи 3 мурдод) барои аввалин бор дар 86 соли гузашта фаризаи намоз дар ин бино баргузор мешавад.

Додгоҳи олии идории Туркия моҳи гузашта ҳукми соли 1934 мелодии ҳайати вазирони ин кишвар дар хусуси музей будани Айё-Софияро ботил ва ба масҷид тағйир дод.

Айё-София як бинои ҳунарӣ ва меъморӣ дар минтақаи Султон Аҳмад, воқеъ дар вурудии тангаи Босфор, дар Истанбул, дар қарни шашум сохта шуд ва дар қарни понздаҳум, дар даврони императории Усмонӣ ба масҷид табдил шуд.