Вокуниши Трамп ба табдили Аёсофия ба масҷид
Раиси ҷумҳури Амрико муддаӣ шуд табдили калисои Аёсофия ба масҷид поймолсозии озодии ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Туркия аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Доналд Трамп пас аз дидор бо усқуфи аъзами ортодокси Амрико норизоятии худро аз табдили осорхонаи Аёсофия ба масҷид иброз дошт ва мақомоти Туркияро ба поймолсозии озодии ақаллиятҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.
Ҳамчунин Майк Пенс, муовини Трамп дар Твиттер навишт: Амрико дар канори калисои ортодокси Юнон собит қадам боқӣ хоҳад монд.
Додгоҳи олии идории Туркия ба тозагӣ ҳукми соли 1934 ҳайати вазирони ин кишвар дар бораи осорхона будани Аёсофияро ботил ва Аёсофияро масҷид эълом кард.
Ин ҳукм бо интиқодҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст, аммо давлати Туркия тасмим дар бораи Аёсофияро мавзӯи дохилии худ дониста ва интиқодҳоро рад кардааст.
Анқара ҳамчунин таъкид кардааст, ки дарҳои масҷиди Аёсофия ба рӯи гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ бо ҳар дину ойине боз хоҳад монд.
Рӯзи ҷумъа 24 июли 2020 бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия, пас аз 86 сол дар масҷиди Аёсофия намози ҷумъа баргузор шуд.