Июл 27, 2020 16:30 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии масоҷиди Чин баъд аз 6 моҳ

Масоҷиди Пекин, ки бар асари шуюи коронавирус баста шуда буданд, баъд аз 6 моҳ бозкушоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, давлати Чин  имрӯз эълон кард, баъд аз 6 моҳ баста будани масоҷиди Чин ба иллати шуюи вируси корона, масоҷиди Пекин, пойтахти ин кишвар боз шуда ва мусулмонон метавонанд фаъолиятҳои мазҳабии худро дар ин амокини мазҳабӣ анҷом диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, барои вуруд ба масоҷид таби афрод андозагирӣ мешавад. Намозгузорон ҳам бояд дар айни ҳол ниқоб дошта бошанд, фосилаи афрод ҳангоми иқомаи намоз ҳам ҳадди аққал бояд як метр бошад.

Гузоришҳои расмии давлати Чин ҳокист, ҳудуди 20 миллион мусулмон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва Чин дорои 35 ҳазор масҷид аст. 

Токунун 83 ҳазору 891 нафар дар Чин ба вируси корона мубтало шуданд, ки аз ин теъдод 4 ҳазору 634 нафар ҷон бохтанд.