Июл 28, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Роягон эълом шудани ваксинасиони корона дар Маскав

Шаҳрдори Маскав эълом кард: Ваксинасиони корона дар ин шаҳр роягон хоҳад буд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Сергей Сабянин гуфт: Билофосила пас аз ин ки ваксинаи корона вориди бозор шавад, тазриқи он ба сокинони Маскав оғоз хоҳад шуд.

Вай бо баёни ин ки ваксинасион роягон хоҳад буд, афзуд: Бемористонҳо ва дармонгоҳҳои Маскав дар ваксинасион мардум мушорикат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, имсол бояд ба ваксинасиони зуком дар Маскав таваҷҷуҳ кард то ин ки ду бемории (корона ва зуком) бо ҳамдигар дар байни мардум шуйюъ пайдо накунад.

Сабянин инро низ гуфт, ки бо тавҷҷуҳ ба оғози сафарҳои хориҷӣ дар Русия, интизор меравад тести корона дар Маскав низ афзоиш ёбад.

Михаил Мишустин- нахуствазири Русия ба тозагӣ эълом кард: Чаҳор ваксинаи коронаи сохти Русия таъсироти масуниятбахшии худро нишон доданд.

Вазири беҳдошти Русия низ ахиран эълом кард, ки ваксинаи корона сохти ин кишвар барои пешгирӣ аз ибтилои мардум ба ин вируси ҳамагир ба зудӣ сабт мешавад то дар ихтиёри умум қарор бигирад.

Михаил Мурашко дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Нахустин ваксинаи коронаи тавлидшуда дар Русия қарор аст дар моҳи август сабт шавад.