Июл 29, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷанҷол бар сари насби як муҷассама дар Кореяи Ҷанубӣ

Насби муҷассамаи марде дар Кореяи Ҷанубӣ, ки расонаҳои ин кишвар онро намоди нахуствазири Жопон медонанд ба мавзӯи ҷадиде барои интиқоди мақомҳои ду кишвар аз якдигар табдил шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, як боғи гиёҳшиносӣ дар Кореяи Ҷанубӣ муҷассамаи марде, ки зону зада ва дар муқобили муҷассамаи зане, ки намоди «занон осоишгар» аст сари таъзим фуруд овардаастро дар ин боғ қарор дод.

Кореяи Шимолӣ ва ҷанубӣ муътақид ҳастанд артиши Жопон дар Ҷанги ҷаҳонии дувум аз даҳҳо ҳазор зани кореяӣ, ки ба онон «занони осоишгар» мегӯянд ба унвони бардаи ҷинсӣ сӯистифода кардааст ва Токио бояд ба хотири ин масъала расман узрхоҳӣ кунад.

Мақомоти ин боғ дар Пхенян дар шимоли шарқии Кореяи Ҷанубӣ дар як конфронси хабарӣ ба расонаҳо гуфтанд, ки ин муҷассама, ки «Каффораи абадӣ» номгузорӣ шудааст намоде аз Шинзо Абе- нахуствазири Жопон аст ва онҳо ин муҷассамаро ба умеди узрхоҳии расмии Жопон аз занони кореяӣ дар боғ қарор додаанд.

Аммо Ким Чонг Риюл- раиси боғи гиёҳшиносии Пхенян дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Жопон гуфт: Муҷассама лузуман намоде аз Шинзо Абе нест.

Давлати Жопон маротиби норизоятии шадиди худро нисбат ба насби ин муҷассама иброз ва эълом кардааст дар сурати дуруст будани гузоришҳо, равобити Жопон бо Кореяи Ҷанубӣ таҳти таъсир қарор хоҳад гирифт.

Давлати Жопон ҳамчунин аз Кореяи Ҷанубӣ хост то ба тавофуқномаи дуҷонибаи соли 2015 бар сари масъалаи занони осоишгар эҳтиром бигузорад.

Бар асоси тавофуқи соли 2015, вазири умури хориҷаи Жопон аз тарафи нахуствазири ин кишвар аз занони ранҷдидаи кореяӣ пӯзиш хост ва низ Токио фонди 8 миллиону сесад ҳазордолларӣ барои кумак ба қурбониёни бозмонда таъсис кард.

 

Барчасп