Кушта шудани низомии Покистон дар марзи Афғонистон
(last modified Wed, 29 Jul 2020 12:09:34 GMT )
Июл 29, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани низомии Покистон дар марзи Афғонистон

Як низомии артиши Покистон дар марзи ин кишвар бо Афғонистон кушта шуд.

Артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, низомии ин кишвар дар тирандозии террористҳо аз дохили хоки Афғонистон дар марзи ду кишвар, дар минтақаи Боҷваи иёлати Хайбар Пахтунхоҳ кушта шудааст.

Покистон ва Афғонистон ҳудуди ду ҳазору 600 километр бо якдигар марзи муштарак доранд, ки имкони рафтуомади террористҳо аз бештари бахшҳои он вуҷуд дорад.

Иёлати Хайбар Пахтунхоҳ аз иёлати ноамни Покистон маҳсуб мешавад, ки ағлаби аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар ин иёлат ҳузур доранд.