Июл 30, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Эъломи қимати ҷаҳонии ваксинаи коронавирус

Як рӯзнома қимати ҷаҳонии ваксинаи коронавирус барои ҳар фардро пешбинӣ кард.

Ширкати биотехнологии амрикоии "Модерно қасд дорад, қимати як дозаи ваксинаи коронавирусро 50 то 60 доллар таъин кунад.

Ширкати "Модерно" барои Амрико ва соири кишварҳои бо даромади боло ин қиматро таъин мекунад.

Мумкин аст ин қимат тағйир кунад, зеро ширкати "Модерно" ваксинаи худро гаронтар аз ваксинаи ширкатҳои "Файзер" ва "Нютекник" баровард кардааст.

Давлати Амрико пас аз тавофуқи думиллиарддолларии худ бо ширкати дорусозии "Файзер" барои дарёфти 100 миллион воҳиди ваксина, қимативаксинасия барои ҳар фардро ҳудуди 40 доллар таъин кард.

Ваксинаи коронаии ширкати биотехнологии "Модерно", аввалин ваксинаи таҳқиқотии коронавирус дар миёни дигар ширкатҳои таҳқиқотӣ аст, ки вориди марҳилаи севвум ва ниҳоии пеш аз тавлиди анбӯҳ шудааст ва озмоиши он  дар 100 нуқтаи маконӣ ва ҷуғрофиёии мухталиф сурат мегирад.