Қадрдонии Борис Ҷонсон аз мушорикати мусулмонони Британия дар муқобила бо корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55978
Нахуствазири Британия бо табрики иди Қурбон ба мусулмонони ин кишвар, аз талоши онҳо барои риояти нукоти беҳдоштӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона қадрдонӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 31, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Борис Ҷонсон аз мушорикати мусулмонони Британия дар муқобила бо корона

Нахуствазири Британия бо табрики иди Қурбон ба мусулмонони ин кишвар, аз талоши онҳо барои риояти нукоти беҳдоштӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Борис Ҷонсон рӯзи ҷумъа бо интишори паёме видеоӣ гуфт, барои мусулмонон чашмпӯшӣ кардан аз гирдиҳамоӣ дар маросимҳои ибодӣ ва иҷтимоӣ аз моҳи мубораки Рамазон гирифта то маносики Ҳаҷ ба далели маҳдудиятҳои ношӣ аз буҳрони корона, осон набудааст.

Ҷонсон аз мусулмонон, ки бо риояти фосилагузориҳои иҷтимоӣ ва муроқибату кумак ба ниёзмандон дар раванди муқобила бо корона мушорикат мекунанд ва низ аз пизишкон ва парасторони мусулмоне, ки дар бемористонҳо барои наҷоти ҷони беморони коронаӣ хидмат мекунанд, қадрдонӣ кард.

Илова бар Ҷонсон, шумори дигаре аз шахсиятҳои баландпоя ва раҳбарони аҳзоби сиёсии Британия иди Қурбонро ба мусулмонон табрик гуфтанд.

Масоҷид ва марокизи исломӣ дар Британия ҳамчунон ба далели буҳрони корона фаъолиятҳои мазҳабиро мутаваққиф карда ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо мухотабони худ дар иртибот ҳастанд.

Бар асоси оморҳо Британия бо сабти 46 ҳазор фавти ношӣ аз корона, дар замони ҳозир бештарин шумори талафотро дар қораи Аврупо сабт кардааст.