Август 01, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҷангандаҳои F-16-и Туркия ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ҷангандаҳои F-16-и Туркия барои ширкат дар размоиши муштараки неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия вориди он кишвар шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар ин размоиши муштарак, ки ба номи "Уқоби Озарбойҷон ва Туркия 2020" номгузорӣ шудааст, омодагии ҷангандаҳо, неруҳои низомии заминӣ ва ҳавоии ду кишвар мавриди озмоиш қарор хоҳанд гирифт.

Размоиши муштараки неруҳои заминии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия дар Боку ва Нахҷавон 1 то 5 август ва размоиши неруҳои ҳавоии ду кишвар дар шаҳрҳои Боку пойтахт, Нахҷавон, Ганҷа, Курдемир ва Юлох дар рӯзҳои 29 июл то 10 август баргузор мешавад.

Ба дунбол эҷоди таниш ва даргирии марзӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, Туркия эълом кард, ки дар канори Боку буда ва ҳаргуна кумаки низомиро аз ин кишвар дареғ нахоҳад кард.