Август 02, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Озодии 317 зиндонии гурӯҳи Толибон аз тарафи давлати Афғонистон

Давлати Афғонистон 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибонро озод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид. 
 
 Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 
 
 Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад. 
 
 Озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 
 
 Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

Барчасп