Август 03, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Созмони ҷаҳонии тандрустӣ аз боз шудани марзҳо дар Африқо

Созмони ҷаҳонии тандрустӣ иқдоми бархе кишварҳои африқоӣ ба боз кардани марзҳои ҳавоиро нигаронкунанда хонд.

 Ба гузориши Садои Хуросон, Матшидисо Моети , намояндаи Созмони ҷаҳонии тандрустӣ дар Африқо бо ҳушдор дар бораи ҳамагирии вируси корона иқдоми бархе кишварҳои африқоӣ ба боз кардани марзҳои ҳавоии худро мӯҷиби афзоиши густариши ин вирус дар қитъаи Африқо донист.

  Кения, Нигер, Чад ва Буркина Фасо аз ҷумлаи кишварҳои африқоӣ ҳастанд, ки аз аввали август марзҳои ҳавоии минтақаӣ ва хориҷии худро боз кардаанд.

Дар ҳоле, ки шумори мубталоён ба КОВИД 19 дар Африқо аз марзи 900 ҳазор нафар гузаштааст, Африқои ҷанубӣ бо 511 ҳазору 485 нафар бештарин омори мубталоёнро дар ин  қитъа дорад.

 Кения низ бо 22 ҳазору 53 мубтало ва 369 маврид фавт, дорои болотарин мизони олудагӣ ба вируси корона дар минтақаи шарқи Африқо аст.

 

Барчасп