Август 06, 2020 10:33 Asia/Dushanbe
  • Таҷамуи фаластиниёни Ғаззаҳ барои эълони ҳамбастагӣ бо миллати Лубнон

Фаластиниёни сокини Навори Ғаззаҳ бо барпоии таҷамуе , ҳамбастагии худро ба миллати Лубнон ,ки ҳамвора ҳомии миллати Фаластин ва ормонҳои он буданд , эълон карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , даҳо нафар аз фаластиниёни сокини Навори Ғаззаҳ асри чоршанбе барои эълони ҳамбастагӣ бо дубнониҳо дар паи вуқуи таркиши дилхарош дар бандари Берут як таҷамуъ баргузор карданд.

Ширкат кунандагон дар ин таҷамуъ ,ки ба даъвати Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳаммос ) дар марказҳои шаҳри Ғаззаҳ баргузор шуда буд , парчамҳое аз Лубнон ва Фаластинро дар даст доштанд ё плокортҳое ҳамл мекарданд ,ки дар рӯйи он шиорҳое барои эълони ҳамбастагӣ бо лубнониҳо навишата шуда буд.

Бар рӯйи ин плокортҳо навишта шуда буд ; Худо қурбониёни таркиши Берутро раҳмат кунад , аз Фаластин то Лубнон захм яке аст , Берут қавӣ бош.

Ҳозим Қосим сухангуи Ҳаммос ҳам таи нутқе дар ҳошияи ин таҷамуъ гуфт ; мо имрӯз барои ҳамбастагӣ бо бародаронамон дар Лубнон дар паи вуқуи ҳодисаи дардноки бандари Берут истодаем. Вай таъкид кард ;Ин таҷамуъ барои эълони вафодории мо  нисбат ба лубнониҳое аст ,ки дар канори миллати мо ва масалаи Фаластин истоданд ва ҳоло ҳамаи тавон ва зарфияти Ҳаммосро тақдими Лубнон мекунем то мардуми ин кишварро ,ки мисли мардуми худамон медонем аз ин фоҷиа убур кунанд.