Август 08, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Луя Ҷиргаи машваратии Афғонистон бо озодии 400 зиндонии Толибон

Луя Ҷиргаи машваратии Афғонистон ба озодии машрути 400 зиндонии гуруҳи Толибон овози мусбат дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, кумитаҳои 50 гонаи Луя Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон имрӯз шанбе дар поёни нишасти худ таъкид карданд: 400 зиндонии боқимондаи гуруҳи Толибон озод шаванд то ин гуруҳ ҳеҷ баҳонае барои ба ақиб андохтани музокироти сулҳ надошта бошад.

Кумитаҳои кории Луя Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон, оғози ҳарчи зудтари музокироти байнулафғонӣ ва барқарории оташбас дар ин кишварро ҳам хостор шуданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи Афғонистон гуфт: Зиндониёни Толибон бояд дар бораи боз нагаштан ба майдонҳои ҷанг тазминҳои лозимро ироа диҳанд ва ҳамчунин пас аз озодии ин зиндониён, музокироти сулҳ бояд ба фаврият оғоз шавад ва дигар баҳонаҷӯӣ барои таъхир дар ин музокирот вуҷуд надошта бошад.

Давлати Ашраф Ғанӣ пештар бо озодии ин афрод мухолифат карда буд.

 

Барчасп