Август 08, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ: Ниқобак боиси коҳиши оксиген намешавад

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид кард, ки ҳеҷ ниқобаки стандарте сабаби коҳиши оксигени хун ва афзоиши хатарноки ди оксиди карбун дар афрод намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Иёлоти Муттаҳида эълом кардаанд, ки ҳеҷ кадом аз ниқобакҳо сабаби коҳиши сатҳи оксигени хун ва афзоиши хатарноки ди оксиди карбун дар афроди одӣ намешванд, чун мардуми оддӣ барои муддати тӯлонӣ аз ниқобак истифода намекунанд.

Ин гузориш меафзояд: Эҳсоси коҳиши оксиген ба ин далел аст, ки бисёре аз мо ба истифода аз ниқобак одат надорем.

Коршиносони маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико ҳам ҳушдор медиҳанд, ки набояд ба хотири тарс аз коҳиши оксигени хун ё масмумият бо ди оксиди карбун, истифода аз ниқобакро нодида гирифт.

Тибқи эъломи Созмони ғизо ва доруи Амрико, ниқобакҳои N95 боис мешаванд ҳаво ба дохил ва хориҷ аз ниқобак роҳ ёбад ва амалкарди табиии танаффус имконпазир бошад ва дар дигар ниқобакҳо низ ҳаво роҳаттар ба дохили ниқобак роҳ меёбад, зеро дар муқоиса бо ниқобаки N95 суратро ба таври комил намепушонанд.

Бо ин ҳол бархе таҳқиқот нишон додаанд, ки истифода аз ниқобаки N95 барои муддати тӯлонӣ мумкин аст тағйироте дар химияи хун эҷод кунад ва дар мавориди шадид, сатҳи ҳушёриро тағйир диҳад, ки эҳтимоли ин иттифоқ дар сигоркашҳо, мубталоён ба чоқӣ ва беморони танаффусӣ бештар аст.

Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико таъкид мекунад, ки ин афрод бояд муроқиб бошанд ва дар мавриди наҳваи саҳеҳи истифода аз ниқобак бо пизишки худ ҳатман машварат кунанд.