Покистон воми як миллиарди Арабистонро пас медиҳад
Август 09, 2020 20:08 Asia/Dushanbe
Давлати Покистон, воми як миллард долларии Арабистонро пас медиҳад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии хабаргузории Ҷю ТВ, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ вазири хориҷаи Покистон,ки дар рӯзҳои ахир интиқоди тунде ба сукути сарони Ол-Саъуд дар қиболи куштори мусулмонони Кашмирӣ аз тарафи низомиёни ҳиндӣ дошта, аз пас додани воми як миллиард долларии Арабистон ба Исломобод хабар дод ва гуфт, Риёз дар хусуси масалаи Кашмир таҳти контроли Ҳинд бетафовут аст.
Коршиносон муътақиданд, Арабистон ба далели доштани манофеи муштарак бо Ҳинд ҳозир нест дар мавриди масалаи минтақаи Кашмир таҳти контроли ин кишвар ва вазъияти вахими мусулмонони он, сухан бигӯяд.
Барчасп