Додгоҳи Белгия муҷаввизҳои содироти силоҳ ба Арабистони Саудиро ботил кард
Додгоҳи олии Белгия ба далели нақзи густардаи ҳуқуқи башар аз сӯи Арабистони Саудӣ ва идомаи эътилофи Арабистони Саудӣ ба Яман, муҷаввизҳои содироти силоҳ ба Риёзро ботил кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , додгоҳи олии Белгия муҷаввизҳои содироти силоҳ, ки дар ихтиёри ширкатҳои таслеҳотии ин кишвар барои ирсоли силоҳ ба Арабистони Саудӣ содир шударо ботил кард .
Далели ин иқдом , нақзи густардаи ҳуқуқи башар аз сӯи Арабистони Саудӣ ва идомаи таҷовузоти эътилофи Саудӣ ба Яман эълом шуда аст .
Ин дар ҳоле аст ки дар моҳи июл ду муҷаввизи ҷадид барои содироти силоҳ ба Арабистони Саудӣ содир шуда буд .
Арабистони Саудӣ дар соли 2018 милодӣ 267 миллион доллар силоҳ аз Белгия ворид карда буд .
Белгия илова бар содироти силоҳ ба Арабистон , дар амри омӯзиши низомиёни Арабистонӣ низ мушорикат дорад .