Таркиши бомба дар Кобул
Камаш ду нафар бар асари таркиши бомба дар пойтахти Афғонистон кушта шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Фирдавси Фаромарз- сухангӯи полиси Кобул эълом кард ин бомба субҳи имрӯз душанбе дар минтақаи Макруриён аз тавобеи ҳавзаи чаҳоруми амниятии Кобул таркид.
Дирӯз якшанбе низ таркиши мини коргузошташуда дар Кобул ду кушта ва панҷ захмӣ бар ҷо гузошт.
Асри дирӯз низ бар асари таркиши мин канори ҷодае дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҳашт ғайринизомӣ кушта шуданд.
То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар уҳда нагирифтааст.
Толибон якшанбешаб омодагии худро барои оғози музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон эълом кард.