Ҳазорон амрикоӣ шаҳрвандии худро канор гузоштаанд
Натиҷаҳои таҳқиқоти нав нишон медиҳад шумори қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Амрико шаҳрвандии амрикоии худро канор гузоштаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии CNN, натиҷаҳои таҳқиқоти нави ширкати мустақар дар Нию-Йорк мавсум ба ҳисобдорони "Бамбриҷ" нишон медиҳад беш аз 5800 амрикоӣ дар шаш моҳи нахусти соли 2020, шаҳрвандии амрикоии худро раҳо кардаанд, ки дар муқоиса бо 2072 нафаре, ки дар тамоми соли 2019 аз шаҳрвандии худ даст кашида буданд, афзоише қобили таваҷҷуҳ аст.
Ин ширкат додаҳоеро баррасӣ кардааст, ки давлати Амрико, ҳар се моҳ як бор дар бораи ҳамаи амрикоиҳое мунташир мекунад, ки шаҳрвандии худро раҳо мекунанд.
Дар ин гузориш омадааст, афроде, ки тарки шаҳрвандӣ кардаанд аз иттифоқоте, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯй додааст, аз наҳваи мудирияти ҳамагирии корона ва сиёсатгузориҳо дар Амрико хаста шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳар шаҳрванди амрикоӣ агар дар Амрико набошад ва бихоҳад шаҳрвандии амрикоии худро канор бигузорад, бояд 2350 доллар бипардозад ва шахсан дар сафорати Амрико дар кишваре, ки зиндагӣ мекунад, ҳузур пайдо кунад.
Бамбриҷ пешбинӣ кард бо вуҷуди хатарҳое, ки дар канор гузоштани шаҳрвандии амрикоӣ вуҷуд дорад, ин раванд ҳамчунон рӯ ба афзоиш хоҳад буд.
Дар ин гузориш омадааст, агар Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри имсол пирӯз шавад, мавҷи наве аз шаҳрвандонеро шоҳид хоҳем буд, ки шаҳрвандии амрикоии худро канор хоҳанд гузошт.