Ахбори таъйиднашуда аз марги Салмони Рушдӣ
Бархе манобеи хабарии ғайрирасмӣ, аз худкушии Салмони Рушдӣ- нависандаи муртади китоби Оёти шайтонӣ дар Манчестери Англис хабар додаанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон ба таври мустақил наметавонад ин хабарро рад ё таъйид кунад ва манобеи расмӣ низ ин хабарро рад ё таъйид накардаанд.
Салмони Рушдӣ, нависандаи англисӣ ва ҳиндитабор ҳудуди 32 сол пеш бо нигориши китоби «Оёти шайтонӣ» мавриди хашм ва эътирози мусулмонон қарор гирифт.
Салмони Рушдӣ дар ин роман ба шахсияти паёмбари Худо, саҳоба ва ҳамсарони вай дар қолаби инсонҳои дигар, аммо бо ҳамон ном ё номҳои мушобеҳ иҳонат кард.
Дар паи интишори ин китоб оятуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари кабири инқилоби исломӣ бо судури фатвое ҳукми иртидоди Салмони Рушдиро содир ва куштани ӯро бар ҳар мусулмоне воҷиб эълом кард.
Аз он замон то кунун ин нависандаи англисӣ таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ ва ҳифозатӣ зиндагӣ кардааст.
Таъйиди эҳтимолии хабари худкушии Салмони Рушдӣ, нишондиҳандаи он аст, ки муҳофизони ӯ бояд аз вай дар муқобили худаш ҳам ҳифозат мекарданд!