Август 13, 2020 08:00 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Лубнон ; хасороти Берут 15 миллиард доллар аст

Раиси ҷумҳури Лубнон эълон кард мизони хасоротҳои таркиши Берут 15 миллиард доллар баровард шудааст.

Ба нақл аз ИРНА , Мишел Ун рӯзи чоршанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Филипи шашум подшоҳи Испания афзуд ; баровардҳои аввалия нишон медиҳад ,ки хасоратҳои модии дигаре низ вуҷуд дорад ва Лубнон барои бозсозии минтақаҳои осеб дида ниёзманди масолеҳи сохтмонӣ аст.

Филипи шашум низ зимни ҳамбастагии Испания бо миллати Лубнон эълон кард кишвараш пас аз ҳодисаи инфиҷори бандари Берут кумакҳои фаврӣ ирсол кард ва барои кумаки бештаре ба лубнониҳо омодагӣ дорад.

Рӯзи чоруми август дар паи оташсузии густарда дар яке аз анборҳои маводи оташзо дар бандари Берут , таркиши муҳибе дар анборҳои маҷовири он ,ки ду ҳазору 700 тон нитрати амонюмро дар худ ҷой дода буд рух дод.

Бар асоси эълони Вазорати тандурустии Лубнон то кунун бар асари ин таркиш 171 нафар кушта ва ҳудуди шаш ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Аз суи дигар , таркишҳои Берут ва хасоратҳои он бар саҳнаи сиёсии Лубнон низ асар гузошта ба тавре ,ки Ҳисон Диёб , нахуст вазири он кишвар истифои кабинаро эълон кард.

Барчасп