Август 14, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Макрон дар паи эҳёи истеъмор аст

Раиси Ҷумҳурии Туркия, ҳамтои франсавии худро ба доштани аҳдофи истеъморгарона дар Лубнон муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории  Франсия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯз панҷшанбе дар суханронӣ дар Анқара бо ишора ба сафари  Эммануэл Макрон ба Лубнон пас аз фоҷиаи инфиҷори бандари Бейрут гуфт, Макрон бо сафари намоишӣ ба Бейрут хостори бозгашти низоми истеъморӣ ба ин кишвар аст. 
 
Изҳороти Эрдуғон дар ҳолест, ки танишҳои фазояндае миёни Туркия ва Франсия ба вижа дар хусуси ихтилофи манофеъ дар Либия ва шарқи Мидитарона вуҷуд дорад. Иктишофоти нефтии Туркия дар ин минтақа хашми Юнон ва Иттиҳодияи Аврупоро барангехтааст. Париж дар ҳимоят аз Афина иқдомоти як ҷонибаи Анқараро маҳкум кард ва панҷшанбе эълом кард бо эъзоми ду ҳавопаймо ва ду киштии ҳарбӣ ҳузури низомии худро дар шарқи Мидитарона ба таври муваққат ташдид кардааст. Расонаи давлатии Туркия бо интишори ин хабар Франсияро ба убур аз хатт ва ба думболи ҷанг будан муттаҳам кард.

Барчасп