Помпео хашми худро бар сари Шурои амният холӣ кард
(last modified Sat, 15 Aug 2020 09:20:21 GMT )
Август 15, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Помпео хашми худро бар сари Шурои амният холӣ кард

Вазири умури хориҷаи Амрико дар баёнияи тунде шикасти Вашингтонро дар тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон ба гардани Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид андохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алъолам, Майк Помпео бомдоди шанбе пас аз овоз нагирифтани қатъномаи зидди эронии Иёлоти Муттаҳида дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, муддаӣ шуд ин шуро қатъномаи «маъқул ва мантиқи»-и Амрикоро барои тамдиди таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон рад кард.

Вай иддао кард, Созмони Миллали Муттаҳид бо радди қатъномаи пешниҳодии Амрико, дар амал ба аслитарин масъулияти худ, ки ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ аст шикаст хурд.

Помпео дар идомаи баёнияи худ бори дигар Эронро ба ҳимояти молӣ аз терроризм муттаҳам кард ва гуфт: Тамдиди ин таҳрим хостаи кишварҳои арабӣ ва Исроил буд, аммо Шурои амният ба дархости онҳо таваҷҷуҳе накардааст.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар поёни баёния муддаӣ шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба талошҳои худ дар ин робита идома хоҳад дод.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон бо ду овози мувофиқи Амрико ва Доминикен дар баробари 11 овози мумтанеъ ва ду овози мухолифи Чин ва Русия дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид рад шуд.